Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Авбошон дар Озарбойҷон ҳайкали Низомиро пора карданд

Дар Озарбойҷон муҷассамаи шоири классик Низомии Ганҷавиро авбошон пора-пора кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Инфотека 24” иттилоъ медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар шаҳри Сумгаит, 35 километр дуртар аз пойтахти Озарбойҷон-шаҳри Боку ҳайкали классики адабиёти форсӣ, Асосгузори адабиёти озарӣ Низомии Ганҷавӣ аз тарафи шахсони номаълум ба хок яксон карда шуд. Хабари мазкурро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ тасдиқ кардаанд.

Низомии Ганҷавӣ яке аз шоирони маъруфи асри  11-и адабиёти форсӣ буда, пас аз Инқилоби Октябр ҳамчун шоири озар ва Асосгузори адабиёти Озарбойҷон эътироф шудааст.

 Дар Озарбойҷон ба шоир арҷ мегузоранд ва ба номи ӯ кӯчаву хиёбонҳо гузошта шуда, дар шаҳрҳои калонтарин муҷассамаи шоир қомат афрохтаст.

Мақомдорони озар ҳанӯз дар мавриди ба хок яксон шудани ҳайкали Низомӣ вокунише нишон надодаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.