Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳавонаварди руси дар Тоҷикистон судшуда ҳалок гардид

Бар асари суқути ҳавопаймои Ан-72 дар Ҷумҳурии Демократии Конго 8 нафар кушта шуданд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Русия будаанд.

Бино ба маълумоти Сафорати Русия дар Конго, дар миёни кушташудагон Владимир Садовничний, ҳавонаварди рус низ будааст.

Владимир Садовничний соли 2011 бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Аммо пас аз як ҳафта додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ҳукми Садовничний  таҷдиди назар карда ва ӯро ба асоси афви умумӣ озод кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.