• Mardon
  • 09.07.2019
  • 0

Боздошти хабарнигор дар Ӯзбекистон бо гумони ифшои сиррӣ давлатӣ

Хабарнигори нашрияи «Ватанпарвар»-и Вазорати дифои Ӯзбекистон подполковники мустаъфӣ Владимир Калошини 68-сола 2 июл дар вилояти Тошканд бо гумони ифшои «сирри давлатӣ» боздошт шуд.

Духтари Калошин Анастасия Епишева гуфт, зидди падараш бар пояи банди 162-уми Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон (Ифшои сирри давлатӣ) айб эълом карда шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, субҳи 2 июл панҷ мард дар либоси мулкӣ ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба хонаи Владимир Калошин дар ноҳияи Юнусободи Тошканд омада, манзили зисти ӯро бозҷӯӣ кардаанд.

Шоҳидон мегӯянд, бозҷӯии манзили зисти Калошин то бегоҳ идома карда, компютер ва санадҳои вай мусодира шудаанд. Ин афрод ҳамчунин хабарнигорро бо худ бурдаанд.

Анастасия Епишева, ки дар шаҳри Москва ба сар мебарад, бо истинод ба вакили дифои Калошин гуфт, падараш дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.

Владимир Калошин тайи 27 соли ахир дар нашрияи Вазорати дифои Ӯзбекистон кор мекард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner