Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бозгашт ба СССР: Чаро Сергей наметавонад кишвари 15-умро бинад?

Сергей Деркачёв, сокини шаҳри Владивосток тасмим гирифт, ки ба кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ сафар намояд. Тоҷикистон кишвари 14-уме буд, ки Сергей омад. Вале ӯ аз он нороҳат аст, ки кишвари охирин- 15-умро эҳтимол наметавонад зиёрат намояд…

Сергей 26 — сола аст ва дар Шарқи Дур, дар шаҳри  Владивосток зиндагӣ мекунад. Вай хатмкардаи риштаи хизматчии давлатии Донишгоҳи федералии Шарқи Дур мебошад, вале аз рӯи ихтисос то ҳоло кор накардааст. Ин ҷавони кунҷкобу зирак ба хулосае омад, ки зиндагии худро каме иваз намояд ва аз ин хотир ба сафар баромад.

— Сергей, чанд моҳ боз дар сафар ҳастӣ?

— Беш аз чор моҳ аст, ки ба сафар баромадам. Аз Владивосток то Москва 9 соат бо ҳавопаймо парвоз намудам. Аз Москва ба кишварҳои дигар бо роҳи заминӣ сафари худро давом дода истодаам. Барои ин сафар бисёр омодагӣ гирифтам. Қаблан ба кишвари ҳамсояи Чин ва Украина сафар намуда будам. Мақсади асосии ман ин омӯзиши фарҳангҳои нав ва малакаи муошират мебошад. Зеро қаблан наметавонистам бо одамон дуруст муошират намуда тавонам.

— Чаро маҳз хостӣ кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравиро саёҳат намоӣ?

— Зеро мо таърихи муштарак дорем ва то ҳоло дар ин кишварҳо бо забони русӣ ҳарф мезананд ва ё ин забонро медонанд. Барои ман ҳамчун сайёҳи навкор ин хеле хуб аст, зеро айни замон англисиро чандон хуб намедонам. Дар Руминия ва Туркия барои ман каме душвор буд, зеро онҳое, ки  дучор омадам, англисӣ ва русиро намефаҳмиданд. Бо вуҷуди ин, кумаки худро аз ман дареғ намедоштанд.

— Дар кишварҳои назди Балтика саёҳат чӣ тавр гузашт?

— Дар Литва, Латвия ва Эстония саёҳати хубу хотирмоне доштам. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки он гапу калочаҳое, ки гӯё онҳо русҳоро дӯст намедоранд, ягон асос надорад. Шояд онҳо сиёсат ва ё ҳокимияти моро дӯст надоранд, вале ба халқи одии рус ягон ғараз надоранд ва самимона истиқбол намуданд. Сипас, ба Беларус ва Украина сафар намудам.

— Дар Украина ягон мушкилӣ пеш наомад?

— Ростӣ бо душворӣ вуруди ин сарзамин шудам. Вале Украина арзанда аст, зеро  хеле кишвари зебост ва ҷойҳои зиёде барои тамошо дорад. Сипас ба Молдова, Руминия ва Туркия рафта, вориди Қавказ шудам. Кишварҳои ин минтақа – Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон низ хеле бароям писанд омад. Сипас роҳ пеш гирифтам ба Осиёи Марказӣ.

— Чӣ таассуроте аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бардоштӣ?

— Қазоқҳо хеле мардуми меҳмоннавоз ва нексириштанд. Вале дар баъзе аз қисматҳои он ба ҷуз биёбон дигар чизеро надидам. Қирғизҳо низ маро бо меҳмондории хос пешвоз гирифтанд. Дар Ӯзбекистон танҳо дар Тошкент будам, ин шаҳр маро бо рӯҳияи русии худ дар ҳайрат гузошт. Дар ҳама ҷо шиору овезаҳо бо забони русӣ буд ва мардум низ асосан бо ин забон гап мезананд. Пас аз сафар ба Тоҷикистон он чизро дарк намудам, ки байни ин халқиятҳо фарқиятҳои бузург ҷой доранд. Боиси афсӯс аст, ки дар кишвари мо, дар Россия фикр мекуанд, ки аслан халқиятҳои Осиёи Марказӣ яканду аз ҳам тафовути зиёде надоранд. Вале ман ин ҷо омада дарк намудам, ки ин миллатҳо аз ҳам аз лиҳози таърих, фарҳангу тамаддун, забон, тарзи либоспӯшӣ ва ҳатто чеҳра фарқ мекунанд. Дар Тоҷикистон эҳтироми мардум нисбат ба ҳамдигар ва ё меҳмонон маро ба ваҷд овард. Онҳо дасти худро ба рӯи сина гузошта, эҳтироми худро бо ин роҳ ифода менамоянд ва ин хеле гуворост. Тоҷикон дар либоспӯшӣ хеле салиқаи баланд доранд ва ҳама одамон хушлибос ҳастанд. Кишвари охирине, ки то ҳоло надидам, Туркманистон аст ва фикр мекунам, аз сабаби душвортар будани дастрас намудани раводид наметавонам ин навбат ин кишварро бинам…

— Пас аз Душанбе ба кадом самт ҳаракат мекунӣ?

— Аз Тошканд мехоҳам ба Покистон парвоз кунам ва бо ҳамин сафари ман хотима меёбад. Ба Москва баргашта, муддате кор мекунам. Ҳамин ки каме маблағ ҷамъ намудам, пас аз фосилае сафари хешро идома медиҳам.

Мусоҳиб

Насрулло Тӯйчизода

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.