• Бахтовар Сафаров
  • 24.04.2019
  • 0

Чашма дар дарахт

Дар қисмати ҷанубу шарқии Черногория, дар деҳаи хурдакаки Диноша дарахти туте мерӯяд, ки вақти боридани борон ба фаввора мубаддал мегардад.

Тавре олимон мегӯянд, ҳангоми боридани борон дарёи зеризаминӣ аз об пур шуда, то сӯрохиҳои дарахт баланд шуда, ба берун фаввора зада мебарояд.

Ин муъҷиза муддати 20-25 соли охир давом дошта, худи дарахт қариб 150- сола аст.

Сокинони маҳаллӣ бар он ақидаанд, ки дар таги ин дарахт ҷину аҷинаҳо манзил доранду ҳангоми борон оббозӣ мекунанд ва дар натиҷа фаввора пайдо мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner