Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Чорқад шав, ҳайвон!” (Видео)

Мудири кӯдакистони “Звездочка” (“Ситорача”)-и шаҳри Краснодари Русия дар ҳузури кӯдакону мураббиён писарбачаеро дашному таҳқир кардааст.

Мудири кӯдакистони “Звездочка” (“Ситорача”)-и шаҳри Краснодари Русия дар ҳузури кӯдакону мураббиён писарбачаеро дашному таҳқир кардааст.

Зоҳиран падару модари писарбача доғистонӣ ҳастанд ва “ту русҳоро эҳтиром намекунӣ” гуфтани мураббӣ ба ҳамин тахмин далолат мекунад.

Алексей Некрасов,сардори идораи маорифи шаҳри Краснодар ба нашрияи “Кубанские новости” гуфтааст, мудири ин кӯдакистон, ки писарбачаеро таҳқир карда ва маҷбур кардааст ба зону зада ва заминро бӯса диҳад, аз мақомаш барканор шудааст.

“Рафтори мудири кӯдакистон бадахлоқона буда, ба кӯдак ҳам фишори равонӣ ворид карда ва ҷисман азият додааст. Бо ин амали нодурусташ кӯдакони дигарро низ таҳқир кардааст”-гуфтааст Некрасов.

https://youtu.be/OvrgzMgZ1XI

Дар навори видеоӣ, ки рӯзи 1 май дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пайдо шуд, мудири кӯдакистон ин рафтори худро “ин кӯдаки душвортарбия Русияро чашми дидан надорад” эзоҳ додааст.

Дар ҳамин ҳол, Светлана Бессараб, вакили Думаи давлатии Русия нисбати ин ҳодиса ба додситонӣ ва пулис шикоят бурдааст.

Татяна Ковалева, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки минтақа низ аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро шурӯъ кардааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.