Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Қазоқистон ҷасади 72 сайга кашф шуд

Нозирони «Охотзоопром» ва кормандони пулиси Қазоқистон дар ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда ҷасади 72 сайгаро бо шохҳои бурида пайдо карданд.

Дар ҳоли ҳозир барои таъйини шахсият ва боздошти қочоқчиёне, ки сайгаҳоро ғайриқонунӣ шикор кардаанд, чора андешида мешавад. Ба ин кор тамоми кормандони таъйиноти махсуси Қарағанда сафарбар шудаанд.

Ибтидои моҳи январи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда шикори сайгаҳоро ошкор карданд. Ҷангалбонон Ерлан Нургалиев ва Петр Нитск аз сӯи қочоқчиён мавриди латукӯби шадид қарор гирифтанд. Нургалиев дар натиҷаи бардоштани захми вазнин 15 январ дар бемористон даргузашт.

Ҳамлаи хунин ба ҷангалбонон дар ҷомеаи Қазоқистон баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда, фаъолони маданӣ афзоиши салоҳиятҳои нозирони ҷангал ва ҳайвонҳоро дар ин кишвар талаб карданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.