• Administrator
  • 27.05.2019
  • 0

Дар Афғонистон қотилони духтарча ба 30 сол зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи Афғонистон рӯзи 26 май ду ҷавони ноболиғро бо айби рабудан ва ба таври ваҳшиёна қатл кардани духтарчаи 6-сола ба 30 соли ҳабс ҳукм кард.

Маҳсо Аҳмадии 6 сола дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Кобул рабуда шуда ва одамрабоён аз хонаводаи ӯ талаб карданд, ки барои озодиаш 300 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кунанд. Аммо ин хонавода маблағи мазкурро пардохт карда натавонист.

Ин ду навҷавонро пулиси Кобул дастгир карда ва навори видеоии эътирофи содир кардани ҷинояти онҳоро пахш кард.

Ин ду навҷавон дар навор эътироф карданд, ки савори мотосикл духтарчаро рабуда ва дар хонаи иҷора нигоҳ доштаанд. Вақте хонаводаи духтарча натавонистанд маблағи 300 ҳазор долларро пайдо кунанд, духтарчаро ваҳшиёна ба қатл расондаанд.

Муртазо Аҳмадӣ, падари Маҳсо аз ҳукми додгоҳ норизогӣ карда ва гуфт, ки ин ду ҷавон бояд ба дор кашида шаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет дар Афғонистон низ талабҳо барои муҷозоти сангин ба омилони духтарчаи 6-сола мунташир шуданд.

Ҳодисаи рабудан ва куштани духтарону кӯдакон дар Афғонистон ҳодисаи тозае нест.

11 майи соли ҷорӣ журналист Мино Мангали 27-сола дар рӯз дар кӯчаи марказии Кобул ба зарби тир кушта шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner