Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Дар эътирозҳои Эрон беш аз 200 кас ҳалок шуданд”

Созмони «Афви Байналмилалӣ» (АБ) 2 декабр хабар дод, ки дар натиҷаи эътирозҳои сокинони Эрон зидди гароншавии нархи бензин 208 кас кушта шудааст. Манобеи ғарбӣ мегӯянд, эҳтимол дорад, шумори қурбониён бештар аз ин бошад.

Эътирозҳо дар Эрон пас аз он оғоз шуданд, ки мақомот арзиши бензинро то 200 дарсад боло бурданд. Нахустин эътирозҳо аз сӯи пулис саркӯб шуда, мақомот ҳамчунин тақрибан як ҳафта интернетро қатъ карданд.

Сардори бахши таҳқиқотии «Афви Байналмилалӣ» дар Ховари Миёна гуфт, мақомоти амниятии Эрон зидди сокинони худ амалиёти мудҳише анҷом додаанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки талош кунанд, дастандаркорони ин хунрезӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, видеоҳое, ки аз сӯи созмон омӯхта шудааст, нишон медиҳанд, чи гуна дар Эрон зидди сокинони бесилоҳ оташ кушода мешавад. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ба наздикони қурбониён ҳушдор дод шудааст, ки бо рӯзноманигорон суҳбат ва маросими ҷанозаи пайвандони кушташудаи худро баргузор накунанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.