• Mardon
  • 18.07.2019
  • 1

Дар Ингушетия модари тоҷик духтарчаашро ба гадоӣ водор кардааст

Дар додгоҳи Ҷумҳурии Ингушетияи Русия парвандаи зани тоҷик, ки духтари 7-солаашро ба гадоӣ маҷбур намудааст, баррасӣ гардид.

Бино ба маълумоти Прокуратураи Ингушетия, додгоҳ ин модари тоҷикро ба ду соли ҳабси шартӣ ва 5 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кардааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи феврали соли 2019 ин зани шаҳрванди Тоҷикистон духтари хурдсолашро водор кардааст, то дар кӯчаю бозор ба гадоӣ машғул шавад.

Дар натиҷа, додгоҳ ин модари тоҷикро бо моддаи 151-и Кодекси ҷиноятии Русия, яъне “ба таври мураттаб ба гадоӣ маҷбур кардани ноболиғон аз ҷониби падару модар” ҷазо додааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner