• Mardon
  • 19.09.2019
  • 0

Дар Самарқанд ду тилоҷӯй зери хок монданд

Ду сокини ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Ӯзбекистон, ки дар кони «Каракутан» ғайриқонунӣ ба ҷустуҷӯи тило машғул буданд, зери хок монда, ҷон бохтанд. Яке аз шарикони онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.

«Ҳодиса дар шахтаи «Куш уйӣ» рух дод. Онҳо худсарона бо «перфоратор» ба кандани сангҳо машғул шудаанд ва дар натиҷа зери хоку санг мондаанд. Мардум омада, онҳоро ба берун бароварданд, вале ду нафарашон аллакай ҷон дода буданд. Севумӣ дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳия бистарӣ аст», — гуфт як сокини ноҳияи Пахтачин.

Додситонии кулли Ӯзбекистон тасдиқ кард, ки ду шаҳрванди ин кишвар ҳангоми ҷустуҷӯи ғайриқонунии тило ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи яке аз сокинони дигари Пахтачин, ҷавонони ҳалокшуда 27 ва 30-сола буданд. «Ҳар дуи онҳо оиладор ва соҳиби фарзанд буданд. Ин ҷавонон ба иллати бекорӣ ғайриқонунӣ тило мекофтанд, то нафақаи хонаводаҳои худро таъмин кунанд», — афзуд ӯ.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner