• Mardon
  • 29.08.2019
  • 0

Дар Ӯзбекистон модаре худ ва хонаашро оташ зад

Сокини 31-солаи деҳаи «Чиялӣ»-и ноҳияи Чироқчии Ӯзбекистон шаби 26 августи соли равон худро ҳамроҳи хонааш оташ задааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин зан он шаб се кӯдакашро барои бозӣ кардан ба кӯча фиристода, худро бо бензин оташ задааст. Дар шуъбаи пулиси Чироқчӣ гуфтанд, зан ба иллати он ки 90 дарсади баданаш сӯхта буд, 27 август дар беморхона ҷон бохт.

«Ӯ се кӯдак — 10-сола, 2-сола ва ширхора дошт. Яке аз ҳамсояҳо, ки ҳангоми баргашт аз саҳро нахустин шуда оташсӯзиро дид, гуфт, «вақте ба дохили хона даромадам, зан месӯхт. Вале на дод мезад ва на касеро барои кумак даъват мекард». Мард зуд болопӯшеро гирифта, ба болои зан ҳаво дода, оташро хомуш мекунад ва ба берун мебарояд, то хушдомани занро даъват кунад ва он замон дар хона оташе дида намешуд», — гуфт як ҳамсояи зан.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, вақте шавҳари зан пас аз тамоси онҳо ба манзили зисташ бармегардад, хона аллакай оташ гирифта буд. «Шавҳар ба зур занашро аз хона берун кард. Вале натавонист оташи хонаро хомуш кунад. Хонаи нав пурра ба коми оташ рафта, танҳо деворҳояш монданд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсояҳо занро он шаб зуд ба беморхона интиқол медиҳанд, вале субҳи 27 август ӯ ба ҳуш наомада, ҷон медиҳад. Дар додситонии Чироқчӣ гуфтанд, ки роҷеъ ба худсузии зан парванда боз ва санҷиш оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, зан нон пухта, дар бозор мефурӯхт ва шавҳараш бо корҳои мавсимӣ машғул буд. «Бархеҳо мегӯянд, ки зан пас аз ҷанҷол бо шавҳараш даст ба худсузӣ задааст. Вале ӯ ҳеч гоҳ аз шавҳари худ шикоят накарда буд. Мардум он рӯз диданд, ки шавҳараш ором бо дучарха ба куҷое мерафт. Ин мард низ мегӯяд, намедонад, ки ҳамсараш барои чи худро оташ зад», — изҳор дошт яке аз ҳамсояҳо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мошинҳои оташнишонӣ низ он шаб вақте ба маҳалли ҳодиса омаданд, об надоштанд. «Оташнишонҳо омада, аз мардум пурсиданд, ки аз куҷо метавонанд, об гиранд. То рафтанд об оварданд, ки хона пурра маҳв шуда буд», — афзуд ӯ.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner