• Mardon
  • 06.09.2019
  • 0

Донишҷӯи 14-сола дар Ӯзбекистон

Сокини 14-солаи ноҳияи Китоби Ӯзбекистон Ҷасурбек Ғуломов бо касби 120,9 хол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии вилояти Қашқадарё шуд.

Ба иттилои сомонаи донишгоҳ, наврас аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, имсол дар Ӯзбекистон маҳдудияти сини дохил шудан ба донишгоҳҳои ин кишварро бекор карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Маматқул Бердиалиеви 78-сола, Тухтамиш Султонови 80-сола ва як зани дигари 72-сола низ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон ҳуҷҷат супоридаанд.

Маркази давлатии тестии Ӯзбекистон гуфт, калонсолтарин довталаби ин кишвар 87 сол дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner