• Mardon
  • 10.07.2019
  • 0

Ду тоҷик дар Маскав бо гуноҳи узвият дар ДИИШ зиндонӣ шуданд

Суди низомии округи Маскав бародарон Бахтовар ва Манучеҳр Тӯйчиевро бо айбномаи узвият дар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) мутаносибан ба 15 ва 10 соли зиндон дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.

Бино ба гузориши хабаргузории  Interfax,  якҷо бо ин ду нафар Анзор Тлупов, сокини Ҷумҳурии Қабардину Болқори Русия дар додгоҳ муҳокима шуда ва ба муддати 13 сол равонаи зиндон шуд.

Дар ҷараёни муҳокима дар додгоҳ айбдоршавандаҳо эътироф кардаанд, ки қасд доштанд дар маҳали таҷаммӯъи мардум дар шаҳри Маскав амали террористӣ анҷом диҳанд.

Ин се нафар дар нимаи дуюми соли 2018 боздошт шуданд. Ҳангоми боздошт онҳо талош кардаанд, моддаҳои таркандаро дар обрави ҳоҷатхона партоянд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ Суди низомии округи Маскав 11 шаҳрванди Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо айби омодагӣ ба амали террористӣ ба муддатҳои аз 6 то 18 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, дар моҳи июн суди шаҳри Белгороди Русия блогери 18-солаи тоҷикро бо иттиҳоми даъват ба терроризм аз тариқи шабакаи Интернет ба муддати 2,5 сол маҳкум ба зиндон кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner