Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Духтари 18-сола дар чархофалак ҳалок шуд

Духтари ҷавони сокини шаҳри Намангони Ӯзбекистон, ки дар аттраксиони “Spin block” фаъолият мекард, ҳангоми корҳои санҷишӣ дар чархофалаки нав ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои нашрияи электронии UzNews.uz, ин ҳодиса рӯзи 30 сентябр рух дода, дар ҷараёни санҷиш чархофалак якбора ба ҳаракат даромада ва сари духтар ба пояи оҳанӣ бархурдааст.

Дар натиҷа, духтари ҷавон ҷароҳати сангин бардошта ва дар маҳали ҳодиса ҷон бохтааст.

Прокуратураи шаҳри Намангон нисбати ҳалокати ин корманд ташхиси судию тиббӣ таъйин карда ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.