• Mardon
  • 12.07.2019
  • 1

Духтари Гулнора Каримова аз Президент хост то модарашро озод кунад

Раёсати зиндонҳои Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, аз 7 то 10 июли соли равон ба набераи президенти пешини ин кишвар Имон Каримова иҷозат дода шуд, ки дар зиндон бо модараш мулоқоти тӯлонӣ анҷом диҳад.

Имон Каримова низ пас аз вохӯрӣ бо модараш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кард.

Вай дар Инстаграм навишт, ки вазъи саломатии модараш дар зиндон рӯз то рӯз бад мешавад.

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон аз Шавкат Мирзиёев дархост кард, ки модарашро озод кунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, Гулнора Каримова ба ҷароҳии фаврӣ ниёз дорад.

Имон Каримова дар охир аз ҳамаи ӯзбекистониҳое, ки ба тақдири модараш бетараф нестанд, даъват кард, то ба маъракаи талаби раҳоии Гулнора Каримова аз зиндон бипайванданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner