• Mardon
  • 05.09.2019
  • 0

Эътирозҳои зиддичинӣ дар панҷ шаҳри Қазоқистон

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд, ки қарор аст, рӯзҳои 11-12 сентябр сурат бигирад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба «55 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, саноат, истеҳсоли гушт, гандум созишномае ба имзо расидааст».

Дар як қатор шаҳрҳои дигари Қазоқистон ҳам ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен эътирозҳо ҷараён доранд.

Рӯзи 3 сентябр ҳудуди 30 нафар дар майдони назди бинои шаҳрдории Нурсултон ҷамъ шуда, аз мавқеи сокинони Жанаозен зидди «тавсеаталабии Чин» ҷонибдорӣ карданд. Сардори Идораи рушди ҷомеаи шаҳрдории Нурсултон Талгат Раҳмонбердиев ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, Чин дар Қазоқистон ягон корхона бунёд карданӣ нест.

Дар назди бинои шаҳрдории Алмато низ даҳҳо нафар ҷамъ шуда, шиор партофтанд, ки «Соҳибони заминҳо мо ҳастем», «Корхонаҳои чинӣ лозим нестанд» ва «Сокинони Жанаозенро ҷонибдорӣ мекунем».

Дар маркази шаҳри Қарағандаи Қазоқистон низ беш аз даҳ нафар даст ба тазоҳурот заданд. «Дувумин кони бузургтарини дунё ба чиниҳо дода шудааст. Чанд суол дорам: Қазоқистон ва вилояти Қарағанда аз ин гуна сармоягузориҳо чи нафъ мебаранд? Барои чӣ қазоқистониҳо наметавонанд кор кунанд? Мо набояд аз арабҳо дида бадтар зиндагӣ кунем. Мо дар бойгариҳои зеризаминӣ ҳақ дорем», — гуфт яке аз тазоҳургарон бо номи Алия Содирбоева.

Дар назди бинои шаҳрдории Чимкент низ беш аз 30 нафар ҷамъ омада, аз мавқеи сокинони Жанаозен ҷонибдорӣ карданд.

Дар Қазоқистон моҳҳои ахир, дар пасманзари хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи қазоқтаборони Шинҷони Чин руҳияи зиддичинӣ афзоиш ёфтааст. СММ соли гузашта гуфт, ҳудуди як миллион уйғуру намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла қазоқтаборон дар «урдугоҳҳои бозтарбия»-и Шинҷон иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner