• Mardon
  • 06.05.2019
  • 0

Фалокати ҳавопаймо ҷони 41 нафарро гирифт

Дар натиҷаи нишасти истирории ҳавопаймои Superjet-100  ва оташ гирифтани муҳаррики он дар фурудгоҳи “Шереметево”-и шаҳри Маскав 41 нафар ҷон бохтаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи бозрасии Русия, аз ҷумлаи 78 мусофири ҳавопаймо 37 нафар наҷот ёфтаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100-и ширкати “Аэрофлот”, ки аз Маскав ба самти Мурманск парвоз мекард, пас аз 28 дақиқаи парвоз ба таври истирорӣ ба фурудгоҳи “Шереметево” баргаштааст.

Ба ҳангоми фуруд омадан яке аз пояҳои ҳавопаймо икаста ва он оташ гирифтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, дар пайи ин ҳодиса бахше аз мусофирон ба ҷамъоварии борҳои дастии худ пардохта ва роҳро барои дигар мусофирон бастаанд. Ин амал ба хуруҷи фаврии мусофирон монеъ шудааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хонаводаи қурбониён ва осебдидагон аз ин фалокат ибрози тасаллият карданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner