• Бахтовар Сафаров
  • 01.07.2019
  • 0

Фоҷиа дар чархофалаки “Табақи паррон” (ВИДЕО)

Бар асари дупора шудани чархофалаки дар шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон духтари 20-сола ҷон бохтааст. Дар ин бораи сомонаи Вазорати вазъияти фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод.

Ин манбаъ гуфтааст, чархофалаки мавсум ба “Табақи паррон”, ки моҳи марти соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, дар баландии 7 метр якбора шикаста ба поён афтодааст. Он замон дар чархофалак 8 нафар ҳузур доштанд.

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пахш шуд, манзараи шакастану ба замин афтодани чархофалака, фарёду нолаҳои одамон ва шитобидани мардум ба кумаки ин афрод ба чашм мехурад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи “Вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ки талафоти ҷонӣ дар пай дорад” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Зимнан, дар моҳи майи соли равон дар боғи истироҳатии шаҳри Самарқанд духтаре аз чархофалак ба поён афтода, зинда монда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner