• Mardon
  • 09.07.2019
  • 0

Гармои шадид ҳаракати қаторҳоро суст кард

Гармои шадид дар Ӯзбекистон ба ҳаракати қаторҳо дар ин кишвар таъсир гузошта ва дар бархе аз самтҳои ҳаракат дар суръати қаторҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Бино ба маълумоти ширкати мусофиркашони «Узтемирйулйуловчи», суръати ҳаракати қаторҳо дар масири Тошканд-Тирмиз, Тошканд-Андиҷон, Тошканд-Урганҷ-Хива, Тошканд-Кунград ва Тошканд-Бухоро маҳдуд гардидааст.  

Ин ширкат далели иқдоми мазкурро ба таъмини амнияти ҳаракати қаторҳо дар гармои шадид марбут хондааст. Ин ширкат гуфтааст, ки дар масирҳои номбурдаи қаторҳо ба мусофиркашон оби маъдании бепул тақсим карда мешавад.

Тибқи иттилои агентии обуҳавосанҷии Ӯзбекистон, дар рӯзҳои ахир ҳарорати ҳаво дар бештари минтақаҳои ин кишвар то ба 47 дараҷаи гармо расидааст, ки аз меъёрҳои муқаррарӣ 5-7 дараҷа бештар будааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner