• Mardon
  • 08.07.2019
  • 0

Гирдиҳамоиҳои нав дар Қазоқистон

6 июл дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкенти он кишвар мухолифон гирдиҳамоӣ ташкил карданд ва пулис шуморе аз онҳоро боздошт намуд.

Шоҳидон аз боздошти даҳҳо одам дар ин шаҳрҳо хабар медиҳанд. Ду сокини шаҳри Алмато — Откирхон Мулкибоеви 60-сола ва Хонзода Раимқули 65-сола бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷозот шуданд. Додгоҳ якеро 15 рӯз ҳабс ва дувумиро ҷарима кард.

Бино ба иттилои мухталиф, танҳо дар шаҳри Алмато наздики 100 одам боздошт шудааст. Мақомот то кунун боздоштҳои охирро шарҳ надодаанд.

Рӯзи 6 июл дар шаҳри Нурсултон ҳудуди 70 нафар боздошт шуданд. Дар шаҳрҳои Чимкент, Қарағанда ва Орал низ гирдиҳамоиҳо баргузор шуда ва даҳҳо нафар аз ҷониби дастгир шуданд.

Гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон ба ибтикори ҳизби мамнӯъи “Интихоби демократии Қазоқистон” анҷом шуда ва гуфта мешавад, дар паси ин ҳама норозигиҳо Мухтор Аблязов, соҳибкори маъруф қарор дорад, ки аз соли 2009 дар хориҷ аз Қазоқистон ба сар мебарад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner