• Бахтовар Сафаров
  • 26.04.2019
  • 0

Хона аз қарта

Брайан Берги амрикоӣ барои сохтани макети калонтарин казино бо истифода аз қарта 44 рӯзро сарф кардааст.

Брайани архитектор ҳангоми кор бо қарта аз скотч ва ширеш тамоман истифода набурдааст. Казинои қартагӣ 10,6 метр дарозӣ, 3 метр баландӣ ва 272 кг вазн дорад.

Барои сохтани ин бинои қартагӣ 218792 қарта сарф шудааст. Казино аз хонаи қартагине, ки Берг дар синни 17-солагиаш сохта буд, калонтар аст.

Хонасозӣ аз қарта кори саҳлу осон набуда, дар ин ҳангом ҳатто баланд сулфидану атса задан манъ аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner