• Mardon
  • 04.07.2019
  • 1

Кампири 72-сола донишҷӯ мешавад?

Дар Ӯзбекистон як зани 72-сола ҳуҷҷатҳояшро ба сифати довталаб ба Донишгоҳи давлатии Фарғона супурдааст.

Бар асоси тағйироти ба муқаррароти донишгоҳҳои ворид гардида маҳдудияти синну солро барои донишҷӯ шудан рафъ шуда ва ҳуҷҷатҳои ин зани куҳансол пазируфта шудааст.

Дар ин бора Барно Раҷабова, сардори раёсати Маркази давлатии тестии Ӯзбекистон ба хабарнигорон иттило додааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки то имрӯз беш аз 70 ҳазор нафар довталаб ба донишгоҳу донишкадаҳои Ӯзбекистон ҳуҷҷат супурдаанд.

Тибқи қарор ҳукумати Ӯзбекистон аз 7 июни соли ҷорӣ фарзандони кормандони ниҳодҳои низомӣ ва корҳои дохилӣ, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, маъюбон ва афроди хизмати ҳарбиро тамомкарда барои дохил шудани ба муассисоти таълимоти олӣ имтиёз доранд.

Имтиҳоноти дохилшавӣ дар муассисоти таълимоти олии Ӯзбекистон рӯзи 25 июл шурӯъ шуда ва 20 август поён хоҳад ёфт.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply to Anonymous Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner