• Mardon
  • 09.07.2019
  • 1

Латукӯби духтари 12-сола дар оилаи тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Сургути вилояти мухтори Ханти-Мантийски Русия як оилаи тоҷик хеши 12-солаи худро, ки аз Тоҷикистон омада буд, дар ҳузури духтаронаш латукӯб кардааст.

Бино ба маълумоти гурӯҳи тафтишотӣ, ҷабрдида соли 2015 аз Тоҷикистон ба назди пайвандон ба шаҳри Сургут омада ва ҳамроҳ бо се духтари ин хонавода зиндагӣ мекардааст. Ин духтари ноболиғ ҳамеша латукӯб мешудааст.

Маркази матбуоти Кумитаи бозрасии Русия дар вилояти мухтори Ханти-Мантийск гуфтааст, ки бар асоси натоиҷи ташхиси судию тиббӣ бар асари латукӯб духтарча ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Падари духтарча дар вилояти Иркутск фаъолият карда ва модараш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.

Дар соли 2018 суди шаҳри Сургут сардори оила ва зани ӯро бо айбномаи “Ворид кардани зарар ба саломатии ноболиғ бо истифода аз предмет ба ҳайси силоҳ истифодашуда” муҳокима карда, мардро ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ба зан бошад шартан ба муддати 3 сол ҳукми ҳабс эълон шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Р. Раҳмонқулов, ВМКБ, ноҳияи Шуғнон:

    Худонотарсу беномусҳо. Миллати моро бадном мекунанд! Мехоҳам ин духтараки бечораро ба фарзандӣ қабул кунам. Дӯстон, масъулин, мусоидат намоед.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner