• Administrator
  • 30.03.2019
  • 0

Марди нобино мотосикл меронад

Мотосиклрон Стюарт Ганн чизеро намебинад, вале мегӯяд, ки бо чашмони нобино идора кардани мотосикл барояш мушкил нест. Стюарт аз ҳама мотосиклрони босуръати нобино дар олам маҳсуб ёфта,  дар як соат то 270 километр масофаро тай менамояд. Падараш ҳамеша дар канори Стюарт буда, бо гӯшмонак бо вай дар иртибот мешавад ва барои аз масири муқарраршуда набаромадану дар ҷойҳои лозимӣ тормозро фаромӯш накардан маслиҳат медиҳад.

Бо ҳамин роҳ падару писар садама ва дигар ҳолатҳои нохушро пешгирӣ менамоянд. Тавре ки сомонаи бритониёии Metro мегӯяд, Ганн Стюарти 39–сола ҳанӯз 11 сол муқаддам садамаи даҳшатбореро аз сар гузаронда, дар натиҷа ду қисмати сутунмуҳра, чанд қабурғаву китфаш шикастааст, илова ба ҳамаи ин бадбахтиҳо, тарафи рости баданаш кор намекард.

Ин ҷавонмарди қавиирода бо ин ҳама шикастҳо аз зиндагӣ навмед нашуд ва бо муолиҷаи тӯлонӣ дубора ба по бархоста, тавонист бори дигар «аспи оҳанинаш»-ро зин бизанад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner