Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модари духтари таҷовузшуда қасди худкушӣ кард

Сокини 40-солаи ноҳияи Косони Ӯзбекистон, ки 21 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дорад, 15 сентябри соли равон кӯшиш кардааст, худро овезад. Вале духтари зан сари вақт огаҳ шуда, аз худкушии модараш пешгирӣ кардааст.

Ин зан охирҳои соли 2018 низ худро оташ зада, қасди худкушӣ карда буд. Ба гуфтаи хоҳари зан, собиқ омӯзгор дар эътироз ба беҷазо мондани марде қасди худкушӣ кард, ки духтари 14-солаашро таҷовуз намудааст.

«Вақте ба хона даромадам, модарам овезон аст. Кордро гирифта, зуд бандро буридам. Ин бори дувум аст, ки ӯро аз худкушӣ наҷот медиҳем», — гуфт духтари зан, ки хонандаи мактаб аст.

Ба гуфтаи хонанда, модараш дар робита ба ҳодисае қасди худкушӣ кард, ки бо ӯ рух дод. Моҳи августи соли 2017 ба номуси хонанда ҷавони ҳамсояашон, ки он замон 20 сол дошт, дастдарозӣ кардааст.

«Он рӯз ӯ барои як оҳан ба хонаи мо омад. Вай ҳамсояи мо аст ва ҳар вақте барои чизе меомад, рад намекардем. Ман ба таҳхона фаромадам, то он оҳанро биёрам. Ӯ ҳам аз пушти ман ба таҳхона фаромада, дарро баст ва маро таҷовуз кард. Сипас таҳдид намуд, ки агар ба касе гӯям, маро мекушад. Пас аз ду ҳафта дубора маро таҷовуз кард. Ин бор ӯ аз модарам хост, ки маро ҷавоб диҳад то ба модари бемораш кумак кунам. Вақте ба хонаашон рафтам, модараш аз ман хост, ки хонаро рӯбам ва куҷое рафт. Ӯ маро танҳо дарёфта, боз таҷовуз кард», — афзуд хонанда.

Духтар мегӯяд, чанд муддат пеш аз таваллуди кӯдак огаҳ шудааст, ки ҳомиладор аст. «Охирҳои моҳи апрел худро нохуб ҳис кардам ва холаам маро ба беморхона бурд. Табибон пас аз муоина гуфтанд, ки 9-моҳа ҳомиладор ҳастӣ», — изҳор дошт хонанда.

Хонандаи 15-сола 10 майи соли 2018 духтарча таваллуд кардааст. Вале табибони таваллудхонаи Косон кӯдакро ба вай нишон надодаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.