Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳоҷири тоҷик худро аз 6-ум ошёна партофт

 Шаби гузашта як муҳоҷири тоҷик бо сабабҳои номаълум худро аз 6-ум ошёна партофтааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон зодаи ноҳияи Восеъ Исмоил Разоққов буда, чанд моҳ пеш ба федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.

Тавре Муҳаммад Абдулло, яке аз корбарони фаъоли “Фейсбук” хабар медиҳад,  ин ҷавон бо чанд тан аз ҳамватанон дар Якутия дар сохтмон кор мекардааст ва шаби гузашта худро аз ошёнаи 6-ум ба замин партофтааст.

 Бино ба иттилои Муҳаммад Абдулло муҳоҷирони дигари меҳнати ба хотири интиқоли ҷасади марҳум маблағ ҷамъ кардаанд ва ба наздикӣ ҷасадро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.