Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Обунаи иҷборӣ дар Ӯзбекистон

Кишоварзон, омӯзгорон, табибон ва кормандони бахшҳои дигари буҷавии Ӯзбекистон шикоят доранд, ки онҳоро иҷборан ба нашрияҳои даврӣ обуна мекунанд.

Роҳбари яке аз муассисаҳои буҷавӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканди Ӯзбекистон гуфт, раиси шаҳр ҳамаи муассисаҳои буҷавиро дастур додааст, ки ба нашрияҳои даврӣ обуна шаванд.

Сироҷиддин Носиров, муовини раиси шаҳри Нурафшон ин иддаоро рад мекунад.

«Мо касеро ба обунаи иҷборӣ дастур надодаем. Мо танҳо машварат додем, ки ба нашрияҳои «Машъал», «Ҳақиқати Тошканд» ва «Сухани халқ» обуна шаванд. Эҳтимол дар ҷаласа аз буҷавиҳо хоста шудааст, ки ба идораи нашрияҳо муроҷиат ва шартномаи обунаро аз онҳо бигиранд. Аммо ҳеч гуна маҷбурсозӣ набуд», — гуфт муовини раис.

Дар ҳамин ҳол, манобеи дигар мегӯянд, санаду далел доранд, ки мақомот онҳоро ба обуна шудан дастур додаанд.

«Роҳбарони синфҳо вазифадор шудаанд, ки бо арзиши 150 сӯм (наздики 15 доллари ИМА), омӯзгорони қаторӣ то 80 ҳазор сӯм ва хонандагон то 6-8 ҳазор сӯмӣ обуна шаванд. Мудири мактаб аз мо хост, ки ариза нависем ва зикр кунем, ки аз маошамон барои обуна маблағи зарурӣ гардонида шавад. Аммо мо намедонем, ба кадом нашрияҳо обуна шудаем», — гуфт омӯзгори яке аз мактабҳои вилояти Фарғона.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.