• Mardon
  • 02.09.2019
  • 0

Пас аз 6 сол роҳи Сӯхи Ӯзбекистон боз шуд

Ягона роҳи мошингарде, ки анклави Сӯхро бо Ӯзбекистон мепайваст, пас аз шаш сол, 31 августи соли равон дубора боз шуд. Ин роҳи мошингард дар натиҷаи задухӯрде баста шуд, ки 5-6 январи соли 2013 миёни сокинони анклав ва марзбонони Қирғизистон рух дода буд.

Роҳи мазкур, ки 70 километр дарозӣ дорад, тақрибан пурра аз ҳудуди Қирғизистон гузашта, ду ноҳияи вилояти Фарғонаро ба ҳам мепайвандад.

Сокинони Сӯх давоми шаш соли ахир маҷбур буданд, ба маркази Фарғона аз роҳи дигаре равуо кунанд, ки 130 километр дарозӣ дорад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли гузашта дар мулоқоти ҳайатҳои расмии Тошканду Бишкек ваъда дод, ки марзҳои ҳар ду кишвар барои сокинон боз хоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner