• Mardon
  • 07.06.2019
  • 0

Писару домодҳои Мирзиёев дар тӯйи амири Дубай ширкат карданд

Писари 10-солаи Президенти Ӯзбекистон Алишер Мирзиёев ҳамроҳ бо язнаҳояш Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров ва ҷиянаш Мирамон рӯзи 6 июн дар тӯйи арӯсии писарони Шайх Муҳаммад бин Рашид ал Махтум, муовини раиси ҷумҳури Аморати Муттаҳидаи Араб, сарвазир ва амири Дубай ҳузур доштаанд.

Дар ин бора аз акси Отабек Умаров дар саҳифааш дар Instagram ҳамроҳ бо амири Дубай маълум гардидааст.

Ойбек Турсунов домоди калонии Шавкат Мирзиёев дар мақоми муовини аввали раиси дастгоҳи Президент ва Отабек Умаров муовини якуми раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳур ифои вазифа мекунанд.

То ҳол дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон ҳузури аҳли оилаи Шавкат Мирзиёев дар тӯйи амири Дубайро шарҳ надодааст.

Амири Дубай дар ҳошияи Ид ал-Фитр 3 писарашро хонадор карда ва ба ҷашни арӯсӣ асосан меҳмонони хориҷӣ даъват шудаанд.

Зимнан, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар 26 марти соли ҷорӣ бо Шайх Муҳаммад бин Рашид ал Махтум, амири Дубай дидор карда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner