• Mardon
  • 06.06.2019
  • 0

Президенти Ӯзбекистон ош ҳам мепазад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба ҳангоми фориғ шудан аз корҳои давлатӣ дар хона оши палав мепазад.

Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон акси падараш ба ҳангоми пухтани палавро дар саҳифаи худ дар Фейсбук ҷой додааст.

Саида Мирзиёева навиштааст: “Баъзан барои дастурхонаи оилавии мо падарам ош мепазанд. Мо бошем ёрӣ мерасонем. Иди Рамазон муборак!”

Акси раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба ҳангоми омода кардани оши палав рӯзи 4 июн, рӯзи арафи Иди Рамазон мунташир шуд.

Дар моҳи апрели соли 2019 Саида Мирзиёева раиси Агентии ахбор ва иртибототи назди дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон таъйин шуд.

Зимнан, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар остонаи Иди Рамазон 575 маҳбусро афв кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner