Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пулиси афғон 7 ҳамсафи худро кушт

Дар вилояти Қандаҳор як пулиси афғон ба самти ҳамсафони худ тирандозӣ карда ва 7 нафарро ба қатл расондааст.

Ин ҳодиса рӯзи 4 август дар минтақаи Тор Кутал рух дода ва Ҷунбиши Толибон билофосила масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Ҷамол Носир Барекзай, сухангӯи ҳукумати вилояти Қандаҳор гуфт, ки ба ҳамлагар муяассар шудааст, ки аз маҳали ҳодиса фарор кунад. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷунбиши Толибон гуфт, ки ин ҳамлагар ба Толибон пайвастааст.

Толибон тақрибан 50 дарсади ҳудуди Афғонистонро таҳти назорат гирифта ва тақрибан ҳамарӯза ба неруҳои давлати Афғонистон ва неруҳои байналмилалӣ ҳамла мекунанд.

Ҳафтаи гузашта як сарбози афғон дар вилояти Қандаҳор ду сарбози Амрикоро аз тариқи тирандозӣ кушта буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.