• Administrator
  • 14.03.2019
  • 0

Рӯзи умумиҷаҳонии гурда

Аз соли 2006 инҷониб дар тамоми  сайёра ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи март Рӯзи  умумиҷаҳонии гурда  (World Kidney Day) таҷлил карда мешавад, ки имсол он ба 14 март рост омад.  Ин рӯз ба хотири ҳарчи бештар паҳн намудани маълумот дар бораи пешгирии бемориҳои гурда  таъсис дода шудааст.

Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ташкилоти байналмилалии нефрологҳо, имрӯз қариб 10 фоизи аҳолии кураи замин  ба  бемории гурда дучоранд ва ба гуфтаи мутахассисон, ин шумора  торафт меафзояд.

Барои нигоҳ доштани саломатии гурдаҳои худ ҳар яки моро мебояд, ки дар як шабонарӯз 1-1,5 литр оби ошомиданӣ нӯшем,  ҳадди ақал дар як сол як маротиба   аз ташхиси хуну пешоб барои муайян намудани кори гурдаҳо  гузарем, тарзи дурусти ҳаёти солим барем, доим дар ҳаракат бошем,  бештар ба ғизои солим рӯ оварда,  аз меваҳои тару тоза истеъмол намоем. Ҳамчунин аз   одатҳои бад даст кашида, вазни бадан ва фишори худро таҳти назорат нигоҳ дорем.

Ва муҳимтар аз ҳама, дар хотир доред, ки пешгирии беморӣ  аз  табобати он осонтар аст!

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner