• Mardon
  • 17.05.2019
  • 3

Се занеро, ки барои пазироии президент омодагӣ медиданд, мошин зад

Дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон се зане, ки гулҳои атрофи роҳи мошингардро обёрӣ мекарданд, зери чархи автомобили Cobalt монда ҳалок шуданд.

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 16 май рух дода, ду зан дар маҳали садама ва як нафари дигар дар бемористон вафот кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон ба занҳо дастур шуда буд, ки гулҳои атрофи роҳи калони мошингардро пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят обёрӣ кунанд. Кортежи автомобилҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҳамин роҳ мегузарад.

Ниҳодҳои пулис гуфтаанд, ки ронанда аз маҳали ҳодиса фарор карда ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 16 май бо як сафари корӣ вориди вилояти Андиҷон шудааст.

Гуфта мешавад дар иртибот ба сафари Президенти Ӯзбекистон ба ин вилоят сокинон ба таври иҷборӣ ба корҳои ободонӣ ҷалб шудаанд.

14 марти соли гузашта дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд низ муаллимаи мактаб Диана Еникееваи 23-соларо, ки дар остонаи сафари президент барои тоза кардани кӯчаҳо ҷалб шуда буд, мошини боркаш зада ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Баъдан Шавкат Мирзиёев аз ҷалби сокинон, бахусус, муаллимону духтурон ба корҳои иҷборӣ интиқод карда ва худро дар марги Диана Еникеева гунаҳкор хонда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Anonymous:

    Бе Аму президентом одамо дар садамахо халок мешаванд

  • Сурайё:

    Садамахо хело зиёд шудаанд бояд конуни нав бароранд чун дар европа. Дар шахр аз 30 то 50 дар роххо то 80 дар автомогистраль то 100 ва камерахо на факат дар шахр ба хаммачо монда шавад.

  • Anonymous:

    Аҳсан

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner