• Бахтовар Сафаров
  • 22.05.2019
  • 0

Шаҳрванди Русия, ки манораи Эйфелро “фатҳ” кард, бемори равонӣ буд?

Пулиси Фаронса як шаҳрванди Русияро, ки рӯзи 20 май ба манораи Эйфел баромада, шаш соат аз он нафаромад, ба беморхонаи равонӣ фиристод. Дар ин бора хабаргузории AFP бо такя ба пулис иттилоъ медиҳад.

Шахсияти боздоштшуда ошкор нашудааст, аммо расонаҳои Фаронса гуфтанд, ки вай шаҳрванди Русия аст. Ба навиштаи расонаҳо, вай мехост, ба ин тартиб, дар Фаронса паноҳандагӣ гирад. Баъди ин ҳодиса манораи Эйфел рӯзи душанбе баста шуд.

Зидди шаҳрванди боздоштшуда мумкин аст, бо айби ғайриқонунӣ ворид шудан ба ҳудуди иншооти фарҳангӣ парванда боз шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner