• Mardon
  • 30.07.2019
  • 0

Шахси аз 18-сола боло силоҳ харида метавонад

Тибқи қонуни нави  Ӯзбекистон афроде, ба синни 18 расидаанд, силоҳҳои варзишӣ ва худдифоъ, шахси 21-сола бошад силоҳи шикорӣ харидорӣ карда метавонад.

Бино ба маълумоти бахши “Ахбори ҳуқуқӣ”-и сомонаи Вазорати адлияи Ӯзбекистон, рӯзи 29 июл Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар Қонун “Дапр бораи силоҳ”-ро имзо кардааст.

Дар ин санади ҳуқуқӣ се навъи силоҳ зикр шудааст: силоҳи шаҳрвандӣ, силоҳи хидматӣ ва силоҳи ҷангӣ.

Силоҳи шикорӣ, варзишӣ ва худдифоъ, назири баллончаҳои газу электрошок аз ҷумлаи силоҳҳои шаҳрвандӣ маҳсуб мешаванд.

Дар ин қонун гардондани силоҳ бидуни ғилоф дар макони ҷамъиятӣ, нақлиёти шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ мамнӯъ аст.

Дар бештари кишварҳои ҷаҳон рухсатномаи доштани силоҳро вазорати корҳои дохилӣ медиҳад. Аммо дар Ӯзбекистон ин ваколат ба ӯҳдаи Горди миллӣ вогузор шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner