Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Светлана Медведева бо ҳавопаймои хусусӣ парвоз мекунад

Ҳамсари нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба таври пайваста ҳавопаймои хусусии навъи Bombardier Global Express 5000-ро истифода мекунад, ки арзишаш тахминан 50 миллион доллар аст.

Ҳавопаймои тиҷоратие, ки дар гузашта ба сохторҳои бонки ВТБ марбут будааст, ба номи ширкате воқеъ дар Белиз сабтином шудааст. Ин иддаоҳо дар гузориши таҳқиқотии Алексей Навалний навишта шудааст, ки рӯзи 4 декабр нашр шуд.

Навалний парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопайморо бо реҷаи сафарҳои Медведов муқоиса кард ва дарёфт, ки ҳавопаймо ҳамеша дар он ҷое дида шудааст, ки Медведев ба он ҷо сафар мекард. Самтҳои парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопаймо ҳам кишварҳои аврупоӣ ва ҳам пойгоҳи низомӣ дар вилояти Нижегородск будааст. Навалний дасти кам 11 чунин ҳолатро пайдо кардааст.

Бар асоси эъломияи даромадҳои нахуствазири Русия, ӯ соли 2018 ба маблағи 10 миллион доллар даромад дидааст. Даромади Светлана Медведева ба сифр баробар будааст. Арзиши иҷораи ҳавопаймои тиҷоратӣ тахминан 7-10 ҳазор доллар аст. Радио Свобода ҳисоб кард, ки бар асоси ин ҳисобу китобҳо, маоши моҳонаи ҳамсарон Медведевҳо барои парвози якунимсоата ба сахтӣ кифоят мекунад.

Ҳамсари нахуствазир ҳақ надорад ҳавопаймои хусусӣ дошта бошад, таъкид кардааст Навалний. Ӯ тахмин кардааст, ки ҳақи истифода аз ҳавопаймо метавонад заминаҳои коррупсионӣ дошта бошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.