Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таги каш – ҷои реклама

Ширкати Wakino бар ивази 89,99 доллар дар як соат рекламаи дилхоҳ ширкатро дар таги каши духтарҳои модел ҷой намуда, бо ҳамин усули ғалатӣ молу маҳсулоти гуногунро тарғиб менамояд.

Як ширкати ҷопонӣ ҷавондухтаронеро ба кор даъват мекунад, ки розӣ ҳастанд таги каши худро барои ҷой намудани реклама иҷора диҳанд.

Ба ҳамин монанд Брэндон Чикотский чандин сол боз сари калашро барои ҷой намудани реклама ба ширкатҳои машҳур фурӯхта, дар як рӯз садҳо доллар ба даст меорад.

Имрӯз дар ҷаҳон аз намудҳои ғалатии реклама фаровон истифода мебаранд, масалан, марди дигаре бо номи Ҷейсон Ҷорҷ ба таблои рекламавӣ табдил ёфтааст. Аз фарқи сар то нӯги пойи Ҷорҷ пур аз навиштаҷотҳои тарғиботии ширкатҳои гуногун аст.

Ширкати Wakino Ad Company мехоҳад шакли навтарини рекламаро ҷорӣ карда, ҳамаро дар ҳайрат гузорад. Аз ҳамин хотир, ин ширкат маҳз таги каши духтаронро мавриди ҳадафи худ қарор додаст.

Ширкати Wakino бар ивази 89,99 доллар дар як соат рекламаи дилхоҳ ширкатро дар таги каши духтарҳои модел ҷой намуда, бо ҳамин усули ғалатӣ молу маҳсулоти гуногунро тарғиб менамояд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.