• Mardon
  • 31.05.2019
  • 0

Таркиш дар Кобул ҷони 6 нафарро гирифт

Субҳи ҷумъаи 31 май дар наздики Академияи низомии Афғонистон дар шаҳри Кобул инфиҷори сахте рух дод, ки бар асари он 6 нафар ғайринизомӣ кушта шуданд.

Як манбаи дигари пулис шумори кушташудагонро 7 нафар гуфтааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, маводи таркандаи дар мошин ҷойдодашуда соати 8.30-и вақти маҳалӣ дар минтақаи Қалъаи Вазир мунфаҷир шудааст.

Манобеъи пулис мегӯяд, ки ҳадафи таркиш корвони мошинҳои низомии неруҳои байналмилалӣ будааст.

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” билофосила масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифта ва гуфтааст, бомбагузори худкуш ба корвони мошинҳои неруҳои байналмилалӣ ҳуҷум кардааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз Ҷунбиши Толибон даъват карда буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар кишвар аз ҳама гуна даргирӣ ва хушунат худдорӣ шавад, аммо ҷониби Толибон ин пешниҳодро напазируфт.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner