Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таркиши газ дар вилояти Тошканд: ду кас ҷон бохтанд

Дар манзили хусусие дар ноҳияи Қуйичирчиқии вилояти Тошканди Ӯзбекистон 11 ноябр бар асари хориҷшавии газ таркиш ба амал омад. Дар натиҷа ду кас ҷон бохта, чаҳор тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шуданд.

Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон эълом кард, ки гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар маҳалли ҳодиса бо омӯзиши сабабҳои таркиш машғул аст.

Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса гуруҳҳои наҷот ва оташнишонии шаҳр ва вилояти Тошканд ҳузур доранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.