Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тазоҳуроти занон дар Ӯзбекистон

Дар маҳаллаи Чигатойи ноҳии Шовоти Ӯзбекистон як гуруҳи занон 9 декабр дар эътироз ба камбуди газ роҳ ба сӯи ҳукумати ноҳияро барои чанд соат бастанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа кормандони пулис занони эътирозгарро пароканда карданд.

Худи он рӯз масъулони идораи гази Шовот ба додситонии ноҳия даъват шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ягон хел эътирозе сурат нагирифтааст.

Ҳодиса субҳи 9 декабр дар наздикии бинои ҳукумати ноҳияи Шовот рух додааст. Дар аксҳое, ки шоҳидон фиристоданд, дида мешавад, 7 зан дасти ба даст дар миёни роҳи мошингард рост истодаанд.

Яке аз сокинони маҳаллаи мазкур гуфт, занон дар эътироз ба норасоии газ роҳро бастанд.

Дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон тайи ду ҳафтаи ахир дар робита ба норасоии газ чандин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи «Қуштепа» 28 ноябр роҳи мошингардро бастанд.

1 декабри соли равон сокинони маҳаллаи Бустон низ дар Қарақалпоқистон барои чанд соат кӯчаи «Ӯзбекистон»-ро баста буданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.