Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон дар машқи низомии бузург ширкат мекунад

Низомиёни Тоҷикистон дар машқҳои низомии муштарак, ки дар он ҳудуди 130 ҳазор нафар сарбозу афсар аз 7 кишвари ҷаҳон ба майдон хоҳанд омад, ширкат мекунанд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 20 август хабар дод, ки машқҳои низомии муштарак таҳти унвони “Марказ-2019” аз 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ин машқҳои низомӣ дар канори Русия воҳидҳои низомии Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Дар назар аст, машқҳои низомӣ дар майдонҳои набард ё полигонҳои Донгуз, Тотский ва Арданаки Русия анҷом шуда, дар он беш аз 20 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва 600 адад ҳавопаймои ҷангӣ истифода мегардад.

Дар машқҳои мушобеҳи қаблӣ дар соли 2015 ҳудуди 95 ҳазор низомӣ, 7 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ, 170 ҳавопаймо ва 20 киштии ҷангӣ ширкат доштанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.