• Бахтовар Сафаров
  • 11.09.2019
  • 0

Туркманистону Чин-кишварҳои дорои сахттарин сензура

Туркманистон, Чин ва Эритрея дар рӯйхати кишварҳое, ки матбуоташон зери сензураи сахт қарор дорад, се ҷои аввалро касб кардаанд.

Таҳиякунандаи рӯйхат — Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ- Committee to Protect Journalists) мегӯяд, «дар Туркманистон воситаҳои ахбори ом вазифаи сухангӯии ҳукуматро иҷро карда, ҳамагуна рӯзноманигории мустақил бадарға карда мешавад».

«Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақрибан ҳамаи бахшҳои зиндагӣ, аз ҷумла матбуотро зери назорат қарор дода, онро барои тарвиҷи парастиши шахсияти худ истифода мекунад. Низоми ӯ бо боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ба манбаъҳои мустақили иттилоъ фишор меорад. Ҳамчунин ба иттилои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳатто онҳоро аз кишвар берун мекунад. Хабарнигорони ин радио дар Туркманистон бо номи мустаор фаъолият дошта, таҳти таъқиб қарор доранд ва бархеашон ҳатто зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин сафари онҳо ба хориҷ манъ аст», — омадааст дар гузориши кумита.

Ба рӯйхати CPJ кишварҳое шомил шудаанд, ки дар онҳо расонаҳо зери назорати шадиди ҳукумат қарор дошта, рӯзноманигоронро бо ҳукмҳои зиндону навъҳои дигари таъқиб метарсонанд, то хомуш нишинанд.

Туркманистон қаблан дар раддабандии «Озодии матбуот»-и созмони байналмилалии «Гузоришгарони бидуни марз» дар миёни 180 кишвари дунё мақоми охиринро касб карда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner