• Mardon
  • 22.08.2019
  • 0

Ӯзбекистон 10 миллион сайёҳро интизор аст

Давлати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, дар соли оянда теъдоди сайёҳони хориҷиро дар ин кишвар то ба 10 миллион нафар бирасонад.

Ба ин манзур Ҳукумати Ӯзбекистон барномаи “Осмони кушод”-ро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он аз 1 октябри соли ҷорӣ фурудгоҳҳои Бухоро, Қаршӣ, Тирмиз ва Нукус парвозҳои чартерӣ бо сайёҳони хориҷиро бидуни маҳдудият қабул хоҳанд кард. Ҳамчунин, ин фурудгоҳҳо ҳамчун транзит барои ҳавопаймоҳҳои сайёҳон хизмат мекунад.

Ба гуфтаи Азиз Абдуҳакимов, муовини сарвазири Ӯзбекистон, ба ин тартиб ҳамаи ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ аз фурудгоҳҳои кишвар истифода карда, роҳро барои вуруди сайёҳон аз кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо боз хоҳад кард.

Ҳамчунин, давлати Ӯзбекистон эълон кардааст, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ барои ҷалби як сайёҳи хориҷӣ аз 20 то 50 доллари амрикоӣ пардохт мекунад.

Дар моҳи январи соли 2020 теъдоди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бидуни дарёфти виза ба Ӯзбекистон ворид мегарданд, ба 85 адад хоҳад расид.

 Теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки аз Ӯзбекистон дидан мекунанд, дар соли 2016 1,3 миллион нафар буда, интизор меравад дар соли ҷорӣ теъдоди онҳо то 6,4 миллион нафар расад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner