Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зидди Отамбоев дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош айб эълом шуд

Додситонии кулли Қирғизистон зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст.

Ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд.

«Имрӯз зидди Отамбоев барои ташкили бетартибии оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, гаравгонгирӣ, куштор ва сӯиқасд айб эълом шуд», — иттилоъ дод додситони кулли Қирғизистон.

Ба гуфтаи Ҷамшедов, Отамбоев дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла «Ташкили бетартибиҳои оммавӣ», «Ташкили куштор», «Ташкили сӯиқасд» ва «Ташкили гаравгонгирӣ» айбдор мешавад.

Ҷамшедов афзуд, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков тафтиши парвандаҳои марбут ба ҳаводиси Кой-Тошро зери назорат гирифта, талаб кардааст, ки онҳо дар асоси қонун таҳқиқ ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар доираи парвандаҳои мазкур амволи Отамбоев ба ҳабс гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, рӯзҳои 7 ва 8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуйи Қирғизистон амалиёти боздошти Отамбоев сурат гирифта, дар ҷараёни он миёни ҷонибдорони президенти пешин ва неруҳои махсуси Кумитаи амният занозанӣ шуд. Худи Отамбоев дар рӯзи дувуми амалиёт таслим ва то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд. Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои «гаравгонгирӣ» ва «ташкили бертартибии оммавӣ» парванда боз шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.